​МУАРРИФИИ КИТОБИ НАВИ ПРОФЕССОР ЗАМИРА ҒАФФОРӢ ДАР САФОРАТИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН

Санаи 26 январи соли 2026 дар Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии таҷлили 77-солагии Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ рӯнамоии китоби нави профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Замира Ғаффорӣ таҳти унвони «Раҳоварди Ҳинд. Нигоҳе ба адабиёт ва фарҳанги форсӣ дар Ҳиндустон (таърих, таҳаввул, рушд ва дурнамо)» (Хуҷанд: Хуросон, 2026, 780 саҳ.) сурат гирифт.

Китоби мазкур маҷмуаи мақолаҳои илмии муаллифро фаро мегирад, ки ба баррасии масоили гуногуни фарҳанг ва адабиёти форсизабони Шибҳи Қораи Ҳинд бахшида шудаанд. Дар меҳвари таҳқиқоти китоб сайри таърихии адабиёти форсӣ дар ин сарзамин, муҳтаво ва ғояҳои адабии суханварони номвар, аз ҷумла Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ғании Кашмирӣ, Абулфайзи Файзӣ, Ҷамолии Деҳлавӣ, инчунин нақши фарҳангпарвару адабдӯсти Шибҳи Қораи Ҳинд — Султон Сикандари Лудӣ, Султон Зайнулобидин ва Зафархони Аҳсан дар таҳаввул ва ривоҷи забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Ҳамзамон дар китоб нусхаҳои хаттии осори форсии дар ин қаламрав эҷодшуда низ баррасӣ шудаанд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, ҷаноби Раҷеш Уике, дар сарсухани китоб таъкид намудааст, ки профессор Замира Ғаффорӣ, ҳиндшиноси барҷастаи тоҷик, бо асари нави худ фаҳмиши ҷомеаи илмиро дар бораи мероси муштараки тамаддунии Ҳиндустон ва Тоҷикистон боз ҳам ғанӣ гардонидааст. Ба гуфтаи ӯ, муаллиф таърихи мубодилаи пурҷӯшу хурӯши илмӣ-адабӣ ва фарҳангии Ҳиндустони асримиёнагӣ ва робитаҳои пойдори он бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эронро тавассути Роҳи Абрешим равшан инъикос намуда, нишон медиҳад, ки чӣ гуна забони форсӣ ба забони шукуфоии шеър, фалсафа ва идоракунӣ дар саросари нимҷазираи Ҳиндустон табдил ёфтааст.

Дар сарсухан ҳамчунин таъкид мегардад, ки профессор Замира Ғаффорӣ даҳсолаҳои умри худро ба рушди ҳиндшиносии тоҷик ва тақвияти дӯстии академӣ ва адабӣ миёни Ҳиндустон ва Тоҷикистон бахшидааст. Асарҳои қаблии ӯ, аз ҷумла «Ҳикмати ҷовидон» ва тарҷумаи тоҷикии «Панчатантра», хонандагони тоҷикро бо мероси маънавию фалсафии Ҳиндустони қадим, аз ҷумла «Бҳагавад Гита», «Нитишатакам», «Дҳаммапада» ва дигар осори классикии афкори ҳиндӣ ошно сохтаанд.

Сафири Ҳиндустон изҳори хушнудӣ намудааст, ки Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон тавонистааст нашри ин китоби муҳим ва ҳамчунин китобҳои қаблии профессор Замира Ғаффориро дастгирӣ намояд. Ба таъкиди ӯ, «Раҳоварди Ҳинд» ҳамчун як манбаи бонуфузи илмӣ барои муҳаққиқони адабиёт ва фарҳанги ҳиндӣ-форсӣ хизмат намуда, ҳамзамон ҳамчун пули фарҳангии тафоҳум, дӯстӣ ва ҳамкории байни мардумони ду кишвар нақши муҳим хоҳад дошт.

Дар анҷом ҷаноби Раҷеш Уике профессор Замира Ғаффориро бо ин дастоварди барҷаста самимона табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ муваффақиятҳои пайваста ва саломатии бардавом орзу намудааст.

Қобили зикр аст, ки китоби «Раҳоварди Ҳинд» аз ҷониби муаллиф ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ