Муаррифии донишгоҳ ба довталабон
Намояндагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати муаррифии номгӯи ихтисосҳои донишгоҳ ва дастовардҳои устодону донишҷӯён ин навбат бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва шаҳри Исфара мулоқот намуданд.
Дар доираи ин ташаббус ба довталабон доир ба имконият ва шароити таҳсил дар донишгоҳ маълумот дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин иқдом беш аз ду ҳазор нафар хонандагон фаро гирифта шуданд.
Масъулин ба суоли хонандагон посухҳои муфассал манзур доштанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил