​МУАРРИФИИ АДАБИЁТИ НАВИН

Аз 5 то 10 январи соли ҷорӣ дар китобхонаи илмии Донишгоҳ муаррифии адабиёти навин баргузор гардид. Дар он кормандони раёсати Донишгоҳ, устодон ва донишҷӯёни факултету кафедраҳо фаъолона иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 бо дастури ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин беш аз 5050 нусха китоб харидорӣ гардида, 20 нусха китоб ба китобхона туҳфа ва 2140 нусха китоб дар доираи ҳамкориҳо иваз шудааст. Ҳоло фонди китобхона наздик ба 270 ҳазор нусха китобҳои соҳаҳои гуногуни илмро дар бар мегирад. Танҳо дар соли 2025 махзани китобхона бо зиёда аз 1726 номгӯ, 7211 нусха китоб, 204 фишурдаи рисолаҳои илмӣ ва 69 рисолаи илмии тозанашр ғанӣ гардонида шудааст.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар ҳамин давра зиёда аз 65 197 нафар хонанда ба китобхона ташриф овардаанд. Теъдоди умумии хонандагони китобхона айни ҳол 20 763 нафарро ташкил дода, танҳо дар соли 2025 – 5105 нафар аъзои нав пазируфта шудаанд. Ба гуфтаи масъулин, ин нишондиҳандаҳо аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни устодону донишҷӯён ба китоб ва фарҳанги китобхонӣ, инчунин аз робитаи мустаҳками онҳо бо китобхона шаҳодат медиҳанд.

Намоиши китобӣ бо мақсади шиносоии ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ бо китобҳои нави илмӣ, таълимӣ ва методӣ баргузор гардид, ки истифодаи онҳо дар раванди таълим ва фаъолияти илмӣ дар оянда ба баланд шудани самаранокӣ мусоидат хоҳад кард. Иштирокчиён бо муҳтавои китобҳо аз наздик ошно шуда, вобаста ба аҳаммият ва нақши онҳо дар баланд бардоштани сифати таълим ибрози назар намуданд.

Қобили зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди фарҳанги китобхонӣ, тақвияти фаъолияти илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии устодон мусоидат менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ