​Муаммоҳои муосири педагогӣ- психологии кӯдакони синни томактабӣ

Бо ташаббуси кафедраи педагогика ва психологияи томактабии факултети психология ва таҳсилоти томактабии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳамкорӣ бо Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом ба номи Мирзо Турсунзода конференсияи илмӣ – амалии минтақавӣ таҳти унвони «Муаммоҳои муосири педагогӣ- психологии кӯдакони синни томактабӣ ва роҳҳои такмили он дар ҷараёни таълиму тарбия» баргузор гардид.

Дар конференсияи илмӣ – амалӣ намоянда аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, аз шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом, мудирони кӯдакистони вилояти Суғд, ва дигар мутахассисони соҳа иштирок доштанд.

Нахуст директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом ба номи Мирзо Турсунзода, номзади илмҳои сиёсӣ, Раҳмонзода Гулчеҳра баромад намуда, баргузории чунин ҳамоишҳои илмиро дар замони имрӯз зарурӣ ва муҳим арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки баррасии мавзуи мазкур бо устодони донишгоҳ боиси баланд бардоштани маҳорат ва малакаи омӯзгорон ва коромӯзони ҷавонон хоҳад буд.

Декани факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ дотсент, Муқаддас Шарифиён баромад намуда, ташкили ҳамоишро дарки моҳияти гузариш ба шакли нави фаъолият ва рушди муассисаҳои томактабӣ ва кўдакон, ки барои рушди устувори ҷомеа муҳим маънидод намуд.

Дар идомаи кори конференсия директориташкилоти Рангинкамон - Сабоат Ахмедова дар мавзуи “Дахолати барвақтӣ-зинаи аввали кӯдакони ба таълимоти махсус фарогирифта”, муаллими калони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Канибодом ба номиМирзо Турсунзода,Миршоева Муҳаббат дар мавзуи “Ташаккули равандҳои маърифатии кӯдакони синни томактабӣ”, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ, Раъно Ҳоҷибоева дар мавзуи “Рушди қобилиятҳои эҷодии томактабиён тавассути методҳои арт-терапия” ва мудири кӯдакистони №15 шаҳри Конибодом, Нурматова Розия дар мавзуи “Нақши тренингҳо дар ташаккули шахсияти кӯдакони синни томактабӣ” маърӯза ироа намуданд.

Дар охир Мансур Луфов - мудири кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ, дотсент ташкили чунин ҳамоишҳои илмию амалии минтақавиро дар татбиқи сиёсати иснонпарваронаи Пешвои миллат ва таълиму тарбияи солими насли наврас муҳим ва саривақтӣ маънидод намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳадафи конференсиямуайян намудани муаммоҳоипедагогӣ- психологиии кӯдакон ба мутахасисони оянда мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ