​Муаммоҳо ва дурнамои рушди илмҳои педагогӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ

Дар толори калони раёсати Донишгоҳ бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии доктори илмҳои педагогӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия, директори Институти илмӣ-таҳқиқотии илмҳои педагогӣ, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаропов Шавкатљон Ањмадович конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ зери унвони “Муаммоҳо ва дурнамои рушди илмҳои педагогӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ”бо иштироки васеи муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ баргузор гаррдид.

Нахуст, иштирокдорон дар даромадгоҳи толори раёсат аз дастовардҳои илмию методии профессор Шавкат Шаропов ва устодони факултети педагогика ва таҳсилоти томактабӣ, ки ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Конференсияро ректори Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Исломифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки дар сиёсати дурбинона ва хирадсолоонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ҳанӯз дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа эътироф гардида буд. Гуфта шуд, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров олимону донишмандони варзида кору фаъолият менамоянд, ки дар даврони бемайлони рушди илму маорифи ин боргоҳи маърифат ва донишро ба як махзани бузурги илмиву таълимӣ табдил дода, дар ин арса ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Яке аз чунин чеҳраҳои мунаввари соҳаи илм, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шаропов Шавкатљон Ањмадович ба шумор меравад, ки дар самти рушди илмҳои педагогӣ, хусусан тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, навиштани китобҳои дарсӣ, монографияҳо корҳои назаррасу мондагореро ба анҷом расонидааст.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуда, иброз дошт, ки хидматҳои профессор Шавкат Шаропов дар такомули илму маориф, тарбия ва омода намудани кадрҳои болаёқати илмӣ, саҳми шоиста дар омӯзишу илми педагогика басо назаррас мебошад.

Сипас, Абдулбоқӣ Нурзода – профессори кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Мухтарова Шакира Мукашовна–профессори Унверситети Қарагандаи ба номи академик Букетоваи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Худоёқулов Хол Ҷумаевич–профессори Донишгоҳи миллии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки мақолаҳое, ки ба кумитаи тадорукоти конференсия ворид гардидаанд, ба мавзуъҳои муҳими соҳаи педагогӣ бахшида шуда, ба сифати китоби алоҳида ба нашр хоҳад расид.

Конференсия кори худро дар бахшҳо вобаста ба муаммоҳо ва дурнамои рушди илмҳои педагогӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ идома бахшид.

Дар бахшҳо зиёда аз 100 маърӯзаи илмии олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба мавзуи зикршуда мавриди таҳлилу баррасии густурда қарор гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ