​Модар аҳди зиндагист

Таҳти ин унвон бо ташаббуси таҷрибаомӯзони кафедраи грамматикаи забони арабии факултети забонҳои шарқ чорабинии адабӣ-фарҳангӣ дар Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд.

Қайд гардид, ки имрӯзҳо занону модарон дар тамоми ҳаёти ҷомеа иштирок дошта, дар пешрафту ободонии кишвари маҳбубамон саҳмгузоранд. Зан-модар таҷассумгари зебоӣ, меҳру муҳаббат ва ободии рӯзгор буда, дар ташаккулёбии инсон нақши асосӣ мебозад.

Дар идома шеърҳои табрикотӣ дар иҷрои донишҷӯён (бо забонҳои гуногун), суруд бо забонҳои русӣ ва арабӣ қироат гардида, гулбазм, саҳначаи тарбиявӣ ва рақс намоиш дода шуд, ки ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати тоза зам намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ