МИЗИ МУДАВВАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Устодони Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар мизи мудаввари байналмилалӣ таҳти унвони «Муҳити таҳсилоти ҳифзкунандаи саломатӣ: афзалиятҳои стратегӣ дар заминаи байналмилалӣ» ширкат варзиданд.
Ҳамоиши мазкур бо мақсади мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ, баррасии масъалаҳои ташкили муҳити таҳсилоти ҳифзкунандаи саломатӣ ва таҳияи роҳҳои стратегии рушди низоми муосири маориф баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмӣ аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Руссия ва Ҷумҳурии Абхазия иштирок намуданд.
Дар қатори ташкилкунандагони чорабинӣ намояндагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии педагогии Руссия (шаҳри Санкт-Петербург), Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой (шаҳри Барнаул), Донишгоҳи давлатии Абхазия (шаҳри Сухум) ва дигар муассисаҳои шарик ҳузур доштанд.
Аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар чорабинӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Эҳсонзода Малоҳат Эҳсон, доктори илмҳои биологӣ, профессор Мақсадой Обидова ва номзади илмҳои химия, дотсент Парвина Бердиева иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳити солим ва бехатари таълимӣ, нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим, инчунин таҷрибаи донишгоҳ дар самти ҳифзи саломатии донишҷӯён ва кормандон маърӯзаҳо ироа карданд.
Зимни муҳокима иштирокчиён масъалаҳои муҳими марбут ба солимгардонии муҳити таълимӣ, истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадамро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки ташаккули муҳити таҳсилоти ҳифзкунандаи саломатӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати таҳсил ва рушди устувори муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки иштироки намояндагони донишгоҳ дар чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ барои густариши робитаҳои илмӣ ва академӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, рушди ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалии Донишгоҳ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маркази иттилоот