МИЗИ МУДАВВАР: «ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ ҶОМЕАИ ҶАҲОН»
Дар доираи татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 дар факултети геоэкология ва туризм мизи мудаввар таҳти унвони «Терроризм ва экстремизм – хатари ҷомеаи ҷаҳон» бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ҷараёни мизи мудаввар перомуни оқибатҳои глобалии терроризм ва экстремизм, роҳҳои паҳншавии он ва таъсиргузории ин падидаҳои номатлуб ба амнияти миллӣ ва ҷаҳонӣ мубодилаи назар сурат гирифт. Иштирокчиён таъкид карданд, ки омӯзиши стратегияҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа яке аз воситаҳои муҳим дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ва муқовимат ба ин таҳдидҳо ба ҳисоб меравад.
Чорабинӣ бо табодули афкор анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил