Мизи мудаввар: “Ташаккули салоҳиятҳои касбии муаллимони оянда”
Бо иқдоми кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик дар мавзуи “Ташаккули салоҳиятҳои касбии муаллимони оянда” мизи мудаввар баргузор гардид.
Дотсент Ҳакимова Шоира доир ба “Омўзиши муаммоҳои тайёрии касбии кадрҳои педагогӣ” маърӯза намуд. Таъкид рафт, ки ҷаҳони муосир дар натиҷаи роҳандозии техникаю технологияи замонавӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Дар шароити имрўза барои ташкили кори мақсадноки ташаккули омодагии касбии кадрҳои педагогї ва баланд бардоштанисатҳи фарҳанги касбии донишљўён ниёз ба миён омадааст ва аз ин хотир, дар соҳаи тайёрии касбии мутахассисони оянда як қатор муқаррарот оид ба қолаб, мақсад, усул ва принсипҳои таълим, оид ба ташкил ва мазмуни таълими умумипедагогии муаллимон, оид ба татбиқи технологияҳои таълим барои фаъолияти эҷодии педагогӣ,дар бораи таълими касбӣ-педагогӣ дар Тоҷикистон дар шароити дигаргуниҳои иҷтимоӣ, дар бораи муносибати салоҳиятнокӣ ба таҳсилоти касбӣ; дар бораи такмил додани фаъолияти касбӣ-педагогии муаллим дар донишгоҳҳои омӯзгорӣ ва дар бораи хусусиятҳои тайёр кардани омӯзгори муосири донишгоҳ баррасӣ шудаанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил