Мизи мудаввар: “Профессор Абдувалӣ Бердиалиев - муҳаққиқи барҷаста дар илми забоншиносӣ”

Дар факултети филологияи ӯзбек бо ташаббуси кафедраи забони ӯзбекӣ ва методикаи таълими он дар таҳти унвони “Профессор Абдувалӣ Бердиалиев- муҳаққиқи барҷаста дар илми забоншиносӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.
Декани факултет дотсент Ҷабборов Баҳром мизи мудавварро ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро бо барномаи ҳафтаи илм шинос намуд.
Мудири кафедраи забони ӯзбекӣ ва методикаи таълими он дотсент Шеронов доир ба мавзуи мизи мудаввар маърӯза намуда, дар мавриди фаъолияти шодравон профессор Абдувалӣ Бердиалиев маърӯза намуд.
Таъкид гардид, ки профессор Абдувалӣ Бердиалиев дар тарбияи кадрҳои соҳибунвон саҳми арзанда гузошта, қариб 40 нафартаҳти роҳбарии мавсуф рисолаи илмӣ дифоъ намудаанд.
Дар мизи мудаввар аз дигар факултетҳои донишгоҳ низ устодон ва шогирдони устод иштирок намуданд.
Мизи мудаввар бо суолу ҷавоб ва табодули афкор анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил