​Мизи мудаввар: “Паёми созанда ба давлати поянда”

Дар МТМУ № 28 – и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи “Паёми созанда ба давлати поянда” мизи мудаввар доир гардид. Ташаббуси мазкур бо иштироки васеи таҷирбаомӯзон ва хонандагон гузаронида шуд.

Мудири кафедраи геоэкология ва методикаи таълим дотсент Турдиев Турдӣ мизи мудавварро ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки Паём роҳнамои миллат буда, татбиқи самараноки он кафили таъмини рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад.

Аз рӯи барнома таҷрибаомӯзондар мавзуъҳои“Аҳамияти амалии энергияи сабз дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон”, “Ҷавонон – пайравони содиқӣ Пешвои миллат” ва “Зан – модар тарбиятгари башарият” баромад намуданд.

Дар охир мувофиқи маърузаҳо саволу ҷавоб доир гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ