​Мизи мудаввар: “Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ”

Дар мавзуи “Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ” дар факултети физикаю техника мизи мудаввар баргузор шуд.

Декани факултет дотсент Абдумалик Қаюмзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз расму оинҳои ҷашни аҷдодии Наврӯз таъкид доштанд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки имрӯз Наврӯзи аҷдодии мо на танҳо дар кишварҳои ориёӣ, балки дар сарзаминҳое низ ҷашн гирифта мешавад, ки дар замони худ аз сарчашмаи пурбаракат ва ҷовидонаи фарҳанги мо баҳравар шудаанд. Мо ҳоло хушбахтем, ки тамоми мардуми Осиёи Миёна дар рӯзи ин ҷашни фархунда ҳамдигарро ба ибораи тоҷикии “Наврӯз муборак!” табрик мекунанд. Ин нуқта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст” – зикр рафт зимни мизи мудаввар.

Мудири кафедраи электроника дотсент Зарифҷон Юсупов таҳти унвони “Наврӯз – рамзи навгонии милливу тамаддуни инсонӣ” маърӯза намуд.

Гуфта шуд, ки Наврӯз ҷашни эҳтиром аз ҷойгоҳи табиат ва бузургдошти сайёраи Замин аст, ки баъди сармои зимистон ба мисли инсон аз хоб бедор мешавад ва ба риёзату тафаккур шурӯъ мекунад.

Аз таърихи ҷашнгирии Наврӯз дотсенти факултети забонҳои шарқ Исмоилҷон Раҳимов маърӯзаи пурмӯҳтаво ироа намуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ