​Мизи мудаввар: “Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуби иҷтимоӣ ва чораҳои мубориза бо он”

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо иштироки сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Агентии давлати молиявӣ ва мубориза бо зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримӣ Ҳамза Ҳакимзода мизи мудаввар баргузор гардид.

Номбурда дар мавзуи “Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуби иҷтимоӣ ва чораҳои мубориза бо он” маърӯза намуда, зикр намуд, ки муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ваамалишавиион аз иродаи олии сиёсати роҳбарияти давлат оғоз мегардад.

Таъкид гардид, ки самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш гардонида, барои рушди иқтисодиёт ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояи ахлоқии ҷомеа мегардад” - зикр рафт зимни маърӯза.

Ҳамзамон, мазмун ва мӯҳтавоиФармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Декани факултет Шарифиён Муқаддас доир ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»ибрози назар намуда, афзуд, ки муқовимат ба коррупсия ин кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.

Мизи мудаввар бо суолу ҷавоб анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ