​Мизи мудаввар “Конститутсия-санади сарнавиштсоз ва устувори пояи давлат”

Бо иқдоми факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Конститутсия-санади сарнавиштсоз ва устувори пояи давлат” баргузор гардид.

Мизи мудаввар аз ҷониби муаллимаи кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ Исматова Маҳина бо ҷалби донишҷӯёни таълимашонбо забони русӣ гузаронида шуд. Дар доираи чорабинӣ донишҷӯён дар мавзуи “Возникновении Конститутции Республики Таджикистана», «30-летие Конституции Республики Таджикистан и год правого просвящение», «Конститутция-гарантия светлого будущего» маърӯза намуданд.

Таъкид гардид, ки Конститутсия ҳуҷҷати мӯътабару мӯътамади тақдирсози ҳар як миллат аст. Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омили меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Конститутсия барои сулҳу салоҳ ва ваҳдат комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Конститутсияро дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие унвон намудаанд, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад”- зикр шуд зимни чорабинӣ.

Декани факултет Шарифиён Муқаддас қайд намуд, ки бо шарофати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқиТоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ