​МИЗИ МУДАВВАР: «ИЛМҲОИ ДАҚИҚ ВА ТАБИАТШИНОСӢ – ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОР»

Бо ташаббуси кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов таҳти унвони «Илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ-заминаи рушди устувор» дар факултети математика мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабинии илмӣ дар доираи амалисозии «Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2026-2030», «Бистсолаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ барои солҳои 2020-2040» ва ба муносибати таҷлили «Рӯзи илми тоҷик» роҳандозӣ гардид.

Дар ҷараёни мизи мудаввар олимону профессорон – Саттор Байзоев – профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзуи «Роҳу усулҳои интихоби дурусти мавзуи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ», Мақсудҷон Умаров – профессори кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт дар мавзуи «Алоқаи илмҳои математика ва физика», Акбар Назимов – профессори кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов доир ба «Саҳми устодони факултет дар рушди математикаи муосир» маъруза карданд.

Дар фарҷоми мизи мудаввар байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, доир ба роҳҳои тақвияти фаъолияти илмӣ, ҷалби ҷавонон ба таҳқиқоти илмӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ