​Мизи мудаввар: "Бахтномаи миллат"

Дар факултети забонҳои шарқ бо ташаббуси кафедраи забони англисӣдар мавзуи “Конститутсия-бахтномаи миллат” мизи мудаввар баргузор шуд. Ташаббуси мазкур ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Мизи мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети №4дотсенти кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, полковники милитсия Муқимзода Мухбира ва лейтинанти милитсия Насризода Анорахон Аскар сурат гирифт.

Дар доираи мизи мудаввар дар бораи таърихи қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мазмуну моҳияти қонуни асосии кишвар маърӯзаҳо ироа шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ