​Мизи гирд:Ҷавонон –зидди нашъамандӣ

Дирӯз дар факултети забонҳои хориҷӣ бо ташаббуси кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ бо донишҷӯёни гурӯҳҳои 401 ва404 таҳти роҳбарии дотсенти кафедра М.Раҷабова мизимудаввартаҳти унвони “Ҷавонон - зиддинашъамандӣ”баргузор гардид.

Зикр гардид, ки мақсад аз баргузори мулоқоти мазкур пешгирии падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон ва ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар мулоқот Дар мулоқот қайд гардид, ки нашъамандӣ падидаи зараровари ҷомеаи инсонӣ ва мушкилоти умумиҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ яке аз самт ҳои асосии сиёсати стратегии давлат мебошад.

Баромадкунандагон бо иқтиб аз суханрониҳои Пешвои миллат алайҳи ин падида номатлуб фикрҳояшонро асоснок намуда, аз иштирокдорон хоҳиш ба амал оварда шуд, ки бо ин кирдори ғайриинсонӣ дар ҷомеа муборизаи беамон баранд ва нагузоранд, ки дар миёни ҷавонону ҷомеаи мо чунин амалҳои ношоям рушд кунад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ