Меҳргон - мероси арзишманди аҷдодӣ

Дирӯз дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ маҳфилҳои “Ҳунарманд” ва “Ғунчаҳои умед” бахшида ба ҷашни Меҳргон ва ва ҷамъбасти солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” чорабинии идона ташкил ва баргузор гардид.


Дар ибтидо иштирокдорони чорабинӣ аз маҳсулоти кишоварзӣ, меҳнати деҳқоқон ва ҳунармандон дидан намуданд.



Чорабиниро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, баён дошт, ки иқдоми хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯзҳо ҷашни Меҳргон дар баробари дигар ҷашнҳои миллӣ мақоми баланд ва ҷойгоҳи арзандаро ба худ касб кардааст. Зикр гардид, ки ҷашни Меҳргон ҳамчун ойини бисёр бостонӣ мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз ба сифати яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад.


Сипас, аз ҷониби донишҷӯён доир ба таърихи ҷашни Меҳргон маърӯзаҳо ироа гардид. Дар баромадҳо зикр гардид, ки Меҳргон монанди ҷашнҳои дигари аҷдодӣ ҷанбаҳои амиқи фалсафӣ, иҷтимоиро доро мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ аъзоёни маҳфили “Ҳунарманд” ва “Ғунчаҳои умед” доир ба касбу ҳунарҳои азхуднамудаашон, аз қабили дӯзандагӣ, қолинбофӣ, пазандагӣ, расмкашӣ, кашидадӯзӣ ҳисобот пешниҳод намуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби донишҷӯён суруд, порчаҳои шеърӣ ва саҳначаҳои фарҳангиву таълимӣ, ки бозгӯкунандаи моҳият ва асолати ҷашни Меҳргон мебошад, манзури ҳозирин гардид.



Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ