Меҳргон иди таърихӣ ва миллии мардуми ориёӣ

Дар кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълими факултети санъати тасвирӣва технология таҳти унвони “Меҳргон иди таърихӣ ва миллии мардуми ориёӣ” бо иштироки устодон сеинари илмӣ- назариявӣ доир гардид.

Нахуст, Зикрулло Мирзабоев - мудири кафедра чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҳадафи он ёдовар шуд. Сипас, профессор Озод Исломов перомуни таърихи пайдоиши Иди Меҳргон ибрози назар намуда, афзуд, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои миллии ниёгони ориёии мо мебошад, ки дар гузашта мардуми мо онро дар нимаи дуюми сол ҳамчун ҷашни ҳосилғундорӣ, бардоштани самараи меҳнати кишоварзон таҷлил мекарданд ва дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дорад.

Ҳамчунин роҷеъ ба мавзуи баррасишаванда дотсент Саидмаҳмад Олов баромад намуд. Номбурда зикр дошт, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Иди Меҳргон таваҷҷуҳи хос зоҳир шудва он ҳамчун иди миллии мардуми ориёитабор дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷли карда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ