​Меъмори кохи бузурги сулҳ дар сайёра

(Дар ҳошияи оғози фасли нави кушоишҳо дар равобити кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон ва Қирғизистон)

Фарҳанги сулҳ ва оини сулҳофаринӣ ва шинохти арзишу аҳамияти он дар тафаккури мардуми сулҳпарвару сулҳофари мо аз дергоҳи таърих ҷойгоҳи махсус касб карда меояд. Вожаи сулҳ ҳамчун паёми наҷот ҳанӯз дар Эъломияи Куруши Кабир ба сурати зайл зикр шудааст: “Вазъи дохилии Бобул ва ҷойгоҳи муқаддасаш қалби маро такон дод. Ман барои сулҳ кўшидам...”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” бо таъкид бар ин арзиш ва мақоми беназири Куруши Кабир дар таъмини сулҳу озодиву эътиқодоти қавмӣ ва муносибати инсонсолорона бо мардумони ҷаҳон, таъкид доштаанд: “Эъломияи Куруши Кабир, ки аз фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондўстӣ сарчашма мегирад, нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст”.

Мурур ба чандин осори мансури боқимонда аз даврони куҳани таърихи миллати мо низ ин амрро собит мекунад, ки ғову меҳвари аслии мавзуии аксари ононро масоили сулҳҷуӣ, оштии милливу мазҳабӣ, ҷилавгирӣ аз қатлу куштор ва дар умум роҳ кушодан ба ваҳдати инсонӣ фароҳам овардааст. Яке аз куҳантарин китобҳои ахлоқии ниёкони мо – “Андарзномаи Озарбади Меҳроспандон” унвон дорад, ки асаре маҷмўи дар одоб ва ахлоқу тарбияи инсонӣ ба шумор меравад. Нуктаи қобили таваҷҷуҳ он аст, ки дар ҳошияи ин китоби нодири куҳан чанд тафсирҳое ба унвони рисолаҳои мустақил ба қалам омадаанд, ки мазмун ва мундариҷаи аслии онро тавассути шарҳи мафҳумҳои аслии он шарҳ додаанд. Аз ҷумлаи чунин расоил навиштае бо номи “Бисту ду вожа aз Озарбоди Маҳраспандон” боқӣ мондааст, ки муҳимтарин аркони ахлоқӣ аз нигоҳи ин китобро дар ҳамин бисту ду мафҳум тавзеҳ додааст. Дар миёни онҳо се рукни барҷаста ва муҳим, оштихоҳӣ, силоҳ ниҳодан ва мардумдўстӣ ба шумор мераванд. Мафоҳими мазкури аркони бузурги ахлоқи башарӣ ба гунаи зайл дар ин рисола тавзеҳ ёфтаанд:

“Нуҳум – оштихоҳӣ ҷараёни назми ҷаҳон аст, ки нигоҳдоранда, парваранда ва сомондиҳандаи ҳама офариниш ва офаридагон аст. ...Ҷовидонагӣ барқарор кардан аз роҳи оштӣ метавон кард.

Дувоздаҳум – силоҳ ниҳодан он бувад, ки дар баробари ҳама офаридагони Ҳурмузд силоҳ фурӯ ниҳад ва бо ҳеч кас душманӣ накунад, ки ҳар чизи бад, аз бадии Аҳриману девон бошад. Чи андешабаргузинӣ ва кирдорбаргузинӣ дар ниҳодани силоҳ бошад.

Бистум – мардумдўстӣ он бувад, ки некӣ барои ҳама некон чунон бояд, ки барои худ. Он чиро, ки барои хештан нек напазирад, ба дигар кас накунад. Некхоҳӣ он бувад, ки айбу ҳунари касонро бинигарад. Аз паси пиростани айби худ бикўшад. Хубии неконро ошкоро бигўяд. Айби эшонро на бо дуруштӣ, балки дўстона бизудояд ва ба эшон нагўяд».

Ин силоҳ ниҳодан албатта, яке аз муҳимтарин рукнҳои фарҳанги сулҳ ва даст кашидан аз ҷанг ба шумор меравад, ки бо мавҷудияташ дар таркиби ин асари қадима ба деринаи таърихи фарҳанги сулофаринии ниёкони мо ишорат мекунад.

Дар марҳилаи нави таърихӣ бо сабақбардорӣ аз таҷрибаҳои таърихии фарҳанги сулҳофарии тоҷикон дар масири таърих Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муаллифи лоиҳаи нави фарҳанги сулҳ дар ҷаҳони муосир дар татбиқи амалии ин ғояву ормонҳои ниёгони хеш дар робита ба таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа нақши муассир гузошта, ҳамчун Пешвои сулҳофар дар қаламрави ҷаҳони муосир эътироф гардиданд. Пешвои миллат, истиқболи хеш аз ин таҷрибаи сулҳофарӣ ва татбиқи ғояву ормонҳои бузургони ниёгони моро дар мисоли Мавлонои Балхӣ дар китоби “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” чунин шарҳ додаанд: ““Мо, ки имрўз аз ваҳдати миллат сухан мегўем, бояд ба пайравӣ аз онҳо, хусусан ба афкору андешаи Мавлоно ба он саъй намоем, ки на танҳо дар сатҳи миллат чунин маъниҳоро бо камоли масъулият дарк созем, балки омода бар он бошем,ки барои робита ва ваҳдат бо мардуми дигари олам ва муколамаи фарҳангҳои мухталиф низ дари дил ва Ватани худро боз намоем. Фақат дар ҳамин сурат мо метавонем миллати муттаҳиди тоҷикро ба узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ дар сохаи фарҳангу маънавиёт, чӣ дар самти сиёсату иқтисодиёт табдил диҳем”.

Ҳамин тавр, хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳи кулл дар Тоҷикистон, ки ҳамчун марҳилаи аввали татбиқи лоиҳаи фарҳанги сулҳофаринии Пешвои миллат муаррифӣ мегардад, падидаи нодир ва корномаи нотакроре ба шумор меравад, ки дар оинаи қалбҳои мардуми тоҷик ва тамоми тоҷикони ҷаҳон симои ин абармарди таърихро ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бо хутути зарҳалӣ нақш баст. Баробари ин, таҷрибаи нодири сулҳофаринии Пешвои миллати мо ҳамчун намунаи беҳтарин барои таъмини сулҳу субот дар минтақа ва кишварҳои гирифтори ҷангу нооромӣ аз сӯи сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла собиқ муншии СММ Кофе Анан эътироф шуд. Самара ва ҳосили ин сулҳи деринтизори тоҷикон имрӯз ба равшани дар саросари Тоҷикистони азиз ба сурати рӯзгори осоиштаи мардум, яке аз мамлакатҳои амнтарини олам шинохта шудани кишвар, равнақи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, татбиқи барномаҳои бузург ва таҳаққуқи лоиҳаҳои ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷаҳонӣ муосир ба равшан ҳувайдост.

Пешвои муаззами миллат ҳамчун меъмори кохи бузурги сулҳ раванди таъмини суботро тақвият бахшида, борҳо дар ҷаласаву нишастҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускори эҷоди раванди сулҳ дар минтақа бо назардошти авзои кишвари ҳамсояи Афғонистон суханронӣ ва изҳори назар намуданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди он аст, ки моҳи августи соли 2020 ҳангоми ҳаракат ба самти истироҳатгоҳи “Чорчаман” дар ноҳияи Дарвози Бадахшон бо бародарони ҳамзабон вва ҳамсояи он сӯи дарёи Панҷ бо муҳаббат ҷониби Пешвои сулҳофари мо паёми иродат дардоданд ва иттифоқи суҳбати самимонаи сарвари тоҷикони ҷаҳон бо сокинони сулҳхоҳи Афғонистон шореҳи он буд, ки воқеан мардумони ин кишвари ҳамсоя дар симои Пешвои миллати мо меъмори кохи сулҳ дар минтақаро шинохтаанд ва бо такя ба сиёсати мудаббиронаи сарвари сулҳовари кишвари мо ба таъмини оромиш дар минтақа бовариву эътимод доранд. Ба ин падидаи нодири сиёсӣ, суҳбати роҳбари давлати мо бо сокинони як кишвари минтақа роҷеъ ба таҳкими сулҳу субот ва рафоқату дӯстӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ низ баҳои баланди сиёсӣ дода, онро чун барномаи бузурги инсонпарварона ва андешаи фардофрӯз дар таъмини амни минтақа истиқбол намуд.

Ифтитоҳи фасли нави робитаҳо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар моҳи марти соли 2018 ба вуқуъ пайваст, шореҳи идомаи татбиқи муваффақонаи лоиҳаи фарҳанги сулҳофарӣ, таҳкими ҳамзистӣ ва ҳусни фарҳанги ҳамҷаворӣ дар минтақа аз ҷониби Пешвои миллат гардид. Тавофуқ ва ҳусни тафоҳуми самимонаи сарварони ҳарду кишвар-Пешвои муаззами миллати мо- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев омил бар он гардид,ки мардумони дӯст ва бародари тоҷику ӯзбек дубора бо гузашти солҳо дари дилу дидаҳоро барои ҳамдигар боз кунанду кабутарҳои дӯстиро ба сӯи ҳам бародарона парвоз бахшанд. Агар дар қарни понздаҳум истеҳкоми бинои дӯстии халқҳои тоҷик ва ӯзбек бо иқдоми ду чеҳраи барозандаи ҳар ду миллат – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Амир Алишери Навоӣ бунёд ниҳода шуда бошад, дар қарни навин ин рисолати бузургро ду шахсияти бузурги арсаи сиёсат – Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ба шоистагӣ ба анҷом расониданд.

Ҳоло дар партави оғози фасли нави робитаҳо ва тантанаи дӯстӣ миёни ду халқи ҳамсоя корномаҳои шоистае ба амал пайванд ёфта, равобити ду мамлакати дӯст дар ҳама самтҳо ба сатҳи нави муносибатҳо расидааст.

Мусаллам аст, ки ҳамеша вақте сухан дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон меравад, Пешвои миллат, ин рукни бузурги ойини давлатдории хешро “дарҳои боз” унвон намуда, таъкид медоранд, ки мо ҳамеша дар муносибат ба кишварҳои олам аз рӯйи меъёри дӯстиву рафоқат муносибат мекунем. Фаҳмиши сиёсии маҳфуми “ сиёсати дарҳои боз” ҳам ба назари мо ҳамин аст, яъне сиёсати хориҷие, ки ба сулҳ, дӯстӣ, рафоқат, муруввату мадоро такя мекунад.

Инак, ин баҳор низ барномаи дигари марбут ба фарҳанги сулҳофаринӣ дар минтақа, ки дар меҳвари сиёсати дарҳои бози Пешвои миллати мо қарор дорад,мавриди амал қарор гирифт. Бештар аз панҷ сол буд, ки бар асоси сар задани бархурдҳои сиёсӣ дар робита ба масоили марзӣ робитаҳои кишварҳои ҳамҷавори Тоҷикистон ва Қирғизистон гусаставу сарҳадҳо баста буд. Албатта, маълум аст, ки муноқишаҳои марзии ҳар ду кишвар собиқаи тулонӣ дошт, ки решаҳои он да солҳои аввали айёми Шӯравӣ мерасад. Вале то ин замон дар роҳи расидан ба марзи ниҳоӣ ва ҳаллу фасли мусолиҳатомези он мушкилоти фаровоне ҷой дошт. Аммо аз оғози мушкилоти мазкур дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамеша Пешвои миллати мо таъкид медоштанд, ки роҳи ягонаи ҳаллу фасл ин муноқишаҳо дипломатия, сулҳ,таҳкими дӯстӣ, маърифати ҳусни фарҳанги ҳамҷаворӣ ва ҳамсоядорӣ аст. Бо ин мақсад дар мулоқот бо сокинони Ворух дар моҳи марти соли 2021 таъкид дошта буданд, ки “Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошад.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар ба мардуми шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки бо ҳамсояҳо дар фазои дӯстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, босабру таҳаммул бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл мегарданд. Дар ҳалли ин гуна масъалаҳо роҳи дигар вуҷуд надорад”.

Инак, ин дарахти бар замини дӯстии халқҳо нишонда самараи ширин ба бор овард. Бо саъйу эҳтимом ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам, Садир Жапаров сулҳи деринтизор миёни ду кишваре, ки солҳои тулонӣ дар канори ҳам зиставу муддате аз ҳам ҷудо рӯзгор ба сар бурданд, фаро расид. Зимни тамошои ҷараёни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз истиқболи самимонаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, муҳтарам Садир Жапаров ва мардуми ин кишвари ба мо дӯст равшан ҳувайдо буд, ки танҳо сулҳу субот ва оромиш, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳаллу фасли масъалаҳои мушкилзо тавассути гуфтушунид муҳимтарин омили пешрафтҳо, таъмини рӯзгори шоиста ва зиндагонии саршори оромиш метавонад бошад. Танҳо суруду мусиқӣ, шеъри муҳаббату ихлос, гармии оғӯши дӯстона зеббахши остону осмони ҳар ду кишвар гардад, чун мо ҳамсоя ҳастему беҳтар аз ҳазор километр миёни ҳамдигар марз дорем. Ин ҳаммарзӣ нишонаи на танҳо дӯстии ҷовидонӣ,балки хешиву таборӣ ҳам ҳаст ва ҳангоми боз шудани марзҳо, ки ба ҳидояту раҳнамоиҳои сарварони ҳар ду кишвар ҷараён гирифт, ашки шодии ин ҳампайвандиву хешутабориро бори дигар дидем. Сухани падаре, ки дар ҷангҳо фарзанди хешро аз даст дода буд,хеле муассир буд: Албатта, аз даст додани фарзанд доғи синасӯз аст, вале ин сулҳ дастоварди бисёр муҳим, арзишманд ва зиндагисоз аст.

Ҳамакнун, чанд рӯз аст, ки марзҳо боз ва ҳузури доираи мухталифи аҳолии кишварҳои ҳамсоя дар остонаи Наврӯзи хуҷастапай дар марзҳои ҳамдигар идома дорад. Тантанаи сулҳу дӯстӣ, муҳаббату иродат ва ваҳдати халқҳои минтақа дар зеботарин расму оинаҳои муштараки наврӯзӣ, либоси миллӣ, суруду тарона ҷилвагар аст. Муҳимтар аз ҳама мардумони тамоми минтақа акнун бо эътимод ва бовар, канори ҳамдигар зиндагӣ мекунанд, чун зери сари худ болишти сулҳ гузоштаанду рӯи фарши оромишу субот ба хоби ноз мераванд. Дигар мутмаин ҳастанд, ки фарҳанги сулҳ ғолиб омаду мушкилоти бештар аз якасра имрӯз тавассути хиради бузурги роҳбарони ҳар ду кишвар- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамешагӣ ҳаллу фасл гардид.

Дар канори ин, ҳамакнун тамоми ҷомеаи башарӣ шоҳиди ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар бораи қабули қатъномаи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” гардид, ки дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмааи умумии Созмони милали Муттаҳид манзур шуд. Боварии комил дорем, ки ҷомеаи ҷаҳон аз ин пешниҳоди созанда ба шоистагӣ истиқбол мекунад ва мо шоҳиди шукуҳу нусрати кохи бузурги сулҳ дар сайёра мегардем, ки меъмораш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Нуралӣ Нурзод, Директори институти илмӣ-тадқиқотии илмҳо ҷомеашиносии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, доктори илмҳои филологӣ, профессор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ