​Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ – тараннумгари ваҳдату дӯстӣ

Таҳти ин унвон дар даромадгоҳи бинои №2 бахшида ба Рӯзи бузургдошти Мавлавии Балхӣ маҳфили илмӣ-адабӣ доир гардид. Дар маҳфил ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона иштирок намуданд.

Маҳфили мазкур бо намоиши видео-ролик перомуни ҳаёт ва фаъолияти Мавлавии Балхӣ оғоз ёфт.

Профессор Усмонзода Аюб Ислом таъкид дошт, ки ба тақвими санаҳои ҷашнӣ ворид гардидани Рўзи Мавлоно нишонаи эҳтиром ба адабиёту тамаддуни оламшумули халқи тоҷик буда, пас аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқўъ пайвастани чунин ташаббусҳои созанда барои таҳкими соҳибихтиёрӣ ва ваҳдату ягонагии халҳи тоҷик созгор мебошад.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бо эҳтироми хосса ва қадршиносии самимона аз хидматҳои арзандаи намояндагони барҷастаи илму адабиёт ёдовар шуда, баҳрамандӣ аз рўзгору осори ибратомўзи бузургони миллатро сармашқи ибтикороту ташаббусҳои нек ва пешрафти имрўзу ояндаи мамлакатамон мешуморанд. Пешвои муаззами миллат аз иродатмандони асили шахсият ва мероси гаронқадри фарзанди машҳури халқу миллати тоҷик ва тамоми ҷаҳон, шоиру орифи номдор Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ буда, бо сиёсати маърифатпарваронаи худ дар талқину таълими андешаи бунёдгароёнаи ин чеҳраи тобони адабиёту ирфон нақши намоён доранд” – зикр дошт ректори донишгоҳ.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо истиқболи ҳамаҷонибаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба таври доимӣ барои густуриши мактаби мавлавишиносӣ корҳои судмандро ба анҷом мерасонад. Таҳқиқи осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз ҷониби устодону донишмандони донишгоҳ дар марҳилаи навин хеле пурсамар буда, айни ҳол ҳамин раванд марҳила ба марҳила идома пайдо карда истодааст.

Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ паёми табрикотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ба ифтихори Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ироа кард.

Шоири халқии Тоҷикистон, вориси ҳақиқии шеъри оламгири Мавлоно устод Фарзона доир ба бузугдошти Мавлонои Балх изҳори назар намуда, аз хидмати мондагор ва ҷойгоҳи осори мавсуф таъкид дошт.

Дар идома дар мавзӯи “Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ – тараннумгари ваҳдату дӯстӣ” маърӯзаи профессор Фахриддин Насриддинов шунида шуд.

Қисмати бадеии ҷамъомад бо намоиши филми ҳуҷҷатии “Олимони донишгоҳ ва Мавлоно” шуруъ шуда, композитсияи адабӣ таҳти унвони “Мавлоно шукуҳу шавкати мо”, саҳначаи “Аёдати модар аз ҷониби ҳамсояи гаронгӯш” ва “Маллоҳ ва навҳӣ” манзури иштирокчиёни маҳфил гардид.

Дар фарҷом, шеърҳо аз осори Мавлоно ба забонҳои гуногуни олам шунида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати бузургдошти Мавлоно Балхӣ силсилаи ташаббусҳои судманд ба роҳ монда шуда, таъсиси як қатор маҳфилҳои илмиву адабӣ, аз ҷумла маҳфили доимоамалкунандаи «Мавлоно–офтоби маърифат» аз зумраи ҳамин иқдом унвон мешавад.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ