Мавҷудияти 1,5 миллион намуди ҳашарот

Дар факултети биология ва химияи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дарси кушод дар мавзӯи "Синфи ҳашарот" барои донишҷӯёни курси аввали ихтисоси биология доир гашт.

Бино ба зикри Мутриба Бобоҷонова, сармуаллимаи кафедраи зоология ва физиологияи одаму ҳайвон ҳоло дар ҷаҳон зиёда аз 1,5 миллион намуди ҳашарот мавҷуд мебошад. Номбурда оид ба навъҳои ҳашарот, муҳити зист, афзоиш ва ғизогирии онҳо ба донишҷӯён маълумот ироа намуд.

Баъдан бо истифодаи технологияи муосири таълим қисмҳои организми баъзе аз ҳашарот мавриди мушоҳида ва омӯзиш қарор дода шуд.

Дилфузахон Қаюмова, аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ