​Масъулини раёсати донишгоҳ ба курси забономӯзӣ ҷалб шуданд

Кормандони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати аз худ кардани забони англисӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Ин ташаббусро шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ роҳандозӣ намуданд, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани маҳорати забономӯзии намояндагони раёсат унвон мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки ба иштирокчиён забони англисиро мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Гузал Мирсаминова омӯзонида, машғулият давоми ҳар ҳафта ду маротиба доир хоҳад шуд.

Давр доираи дарси аввал дараҷаи забондонии иштирокчиён муайян шуда, тибқи натиҷаҳо кормандони раёсат ба ду гуруҳ тақсим гардиданд.

Интизор меравад, ки машғулияти омӯзишӣ се моҳ давом ёфта, ин иқдом оянда дар факултетҳои донишгоҳ низ ба роҳ монда шавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ