Масоили мубрами забону адабиёт баррасӣ шуданд
Дар кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ низ бахши устодони конфренсияи илмӣ-анъанавӣ доир гардид, ки дар доираи он масоили мубрами забону адабиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, доир ба асари «Шакв-ал-ғариб» -и Айнулќуззоти Ҳамадонӣ, мавќеъ ва ҷойгоҳи таркибҳо дар «Хамса»-и Низомӣ, воҳидҳои фразеологии тавсифӣ ва мавќеи корбурди онҳо дар осори Раҳим Ҷалил, баромади забонии микротопонимҳои деҳаи Имбефи Кўҳистони Масчоҳ, хусусиятҳои забонии асари «Сармаддеҳ»-и Баҳманёр, тағйироти шаклии иқтибосоти арабӣ дар мисоли «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ маърӯзаҳо шунида шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил