​Машғулиятҳои намунавӣ дар доираи даври сеюми озмуни “Муаллими сол-2024”

Дар доираи даври сеюми озмуни умумидонишгоҳии “Муаллими сол - 2024” феълан 14 машғулияти намунавии довталабон доир гардид. Ин машғулиятҳо бо истифода аз усулҳои муосир ва фаъоли таълим сурат гирифта, ҷараёни он аз ҷониби гуруҳи кории озмун назорат ва таҳлил шуданд.

Бино ба маълумоти мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Дадобоева Нодирахон, дар доираи машғулият ба сифати дарс ва маводи таълимӣ – методӣ, дараҷаи маҳорату малакаи касбии омӯзгор, ташаккули қобилияти зеҳнӣ ва фаъолнокии донишҷӯён дар раванди дарс, сатҳи дарсҳои назарӣ, амалӣ ва муаррифии мавзуъҳо, дараҷаи забондонӣ ва риояи меъёрҳои забони давлатӣ аз ҷониби гуруҳи корӣ аҳамияти хос зоҳир мегардад.

Машғулияти довталабони озмун дар ду равия: табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва равияи гуманитарӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, дарсҳои намунавии муаллими калони кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ Раҷабова Ситора, муаллими калони кафедраи экология ва ҳифзи табиат Ҳайдарова Мавзуна, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Саидов Саидумрон, муаллими калони кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи информатсионӣ Абдуллоева Заррина, муаллими калони кафедраи мусиқии суннатии тоҷик Сатторов Абдураҳмон, дотсенти кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ Домуллоҷонов Аҳмадҷон, муаллими кафедраи таърихи халқи тоҷик Пулотова Адолат, дотсенти кафедраи назарияи физика Рустамова Манзура, дотсенти кафедраи адабиёти рус ва хориҷа Шарипов Восид, муаллими кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим Алимбаева Нодира, муаллими кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Юнусова Мадина, муаллими кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабӣ Юсупова Умеда, дотсенти кафедраи забони англисӣ Шамсиддинова Назира, муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии информатика, Ҳасанова Махфират баргузор шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷараёни машғулиятҳои озмунӣ аз ҷониби студияи таълимӣ-телевизионии “Фурӯғ” ва Маркази технологияҳои иттилоотии донишгоҳсабт мешаванд.

Интизор меравад, ки озмуни мазкур то 21 –уми май идома меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ