МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ЖУРНАЛИСТИКАИ МУОСИР ВА ТАРҶУМАШИНОСӢ
Таҳти чунин унвон дар толори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳ 4 марти соли 2026 конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки васеи устодону намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.

Ҳадафи асосии ҳамоиш баррасии масъалаҳои муҳимми рушди журналистикаи муосир ва тарҷумашиносӣ, таҳкими робитаи назария ва амалия дар фаъолияти рӯзноманигорӣ, мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва касбӣ миёни муҳаққиқон ва рӯзноманигорон, инчунин ҳавасмандгардонии муҳаққиқони ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи воситаҳои ахбори омма унвон мешавад.
Дар конференсия котиби масъули СИЖТ дар вилояти Суғд Карим Шариф дар мавзуи «Дирӯз ва имрӯзи журналистикаи тоҷик», унвонҷӯи кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума Меҳрангез Сатторова дар мавзуи «Хусусиятҳои мавзуӣ ва услубии маводи публитсистии Неъматулло Мирсаидов» ва муаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума Салим Саидов дар мавзуи «Саҳми Илҳоми Ҷамолиён дар рушди журналистикаи тоҷик» маъруза намуданд.
Дар маърузаҳо доир ба нақши қарорҳои роҳбарияти вилоят дар рушди нашрияҳои шаҳриву ноҳиявӣ, беҳтар гардидани шароити иҷтимоии рӯзноманигорон, маҳорати эҷодии журналисти шинохта Неъматулло Мирсаидов ва ҷойгоҳи осори ӯ дар рушди мактаби журналистикаи вилоятӣ, нақши Илҳоми Ҷамолиён дар тарбияи насли нави хабарнигорон барои воситаҳои ахбори оммаи вилоят ибрози назар карда шуд.
Иштирокчиён ба зарурати баргузор намудани вохӯриҳо ва конференсияҳои муштарак миёни Донишгоҳ ва идораҳои нашрияҳо ҷиҳати баланд бардоштани саводи рақамии донишҷӯён ишора намуда, таҳияи дастурҳои методӣ барои рӯзноманигорони ҷавон дар асоси таҷрибаи устодони соҳа ва нашри маҷмуаи мақолаҳои илмии конференсияро иқдоми муҳим арзёбӣ карданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил