​Масъалаҳои омӯзишу тадриси забони русӣ ва англисӣ

Дар назди кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси факултети филологияи рус бахши «Методикаи таълими забон ва адабиёт дар шароити рушди инноватсионӣ”-и конфронси илмӣ-амалии минтақавӣ таҳти унвони «Масъалаҳои муҳими омӯзишу тадриси забони русӣ ва англисӣ дар шароити рушди инноватсионӣ” доир гардид.

Конфронси мазкур бахшида ба 30– солагии Иҷлосияи 16– уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забони русӣ ва англисӣ дар ҶТ барои давраи то солҳои 2030” ташкил шуд.

Конфронсро мудири кафедра Камолова Муаззама ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро бо рӯзномаи он шинос намуд.

Дар бахши мазкур як қатор устодону олимон аз тамоми донишгоҳу донишкадаи вилояти Суғд маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ироа карданд. Аз ҷумла, таҳти унвони “Речевая ситуация как структурный компонент определенного акта деятельности”, “Освоение предложно-падежной системы русского языка учащимися таджикской школы”, “Особенности использования информационно-коммуникационных технологий в процессе обучения русскому языку”, Формирование коммуникативных навыков при обучении русскому языку как неродному”, “Выразительное чтение учителя на уроках литературы – один из способов развития интереса учащихся русскому языку”, «Особенности преподавания русского языка как неродного и иностранного”, “Организация словарной работы на уроках русского языка в общеобразовательных школах с таджикским языком обучения” маърӯзаҳо шунида шуд.

Дар маҷмуъ, аз рўи барнома 16 маърӯзаи устодону омӯзгорон шунида шуда, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ