Масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ
Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ бо иштроки васеи олимону муҳаққиқони соҳа ташкилу баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндаи МИҲД-и Суғд Тоҷибой Султонӣ, Раиси КИВ ҲХДТ Каримзода Мирзоқосим, профессор Аҳмад Ҷаъфарӣ–муовини директори Академияи забони арабии Донишгоҳи Адрори Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир, Эргаш Очилов– ходими калони илмии Донишкадаи забони ӯзбекӣ, адабиёт ва фолклори Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, профессор Абдунабӣ Сатторзода–раиси Бунёди Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷиддин Мардонӣ–профессори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Саидраҳмон Сулаймонӣ–профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар донишмандони ватаниву хориҷӣ ширкат варзиданд.
Қисми ифтитоҳии ҳамоишро ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки дар даврони истиқлоли миллии Тоҷикистон илму маориф ба марҳилаи нави рушду тараққиёти хеш ворид гардида, дар ҳама самтҳо пешрафтҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд.
Баъдан Тоҷибой Султонӣ иброз дошт, ки Истиқлоли миллӣ барои рушди тамоми соҳаҳои илми кишвар, аз ҷумла филологияи шарқ заминаи муассир гузошт. Зикр шуд, ки дар як муддати кутоҳ дар заминаи таҳқиқи масоли мубрами ховаршиносӣ, хоса арабшиносӣ, равобити ададбии Арабу Аҷам осори фаровоне рӯи нашр омаданд ва саҳми олимону донишмандони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дар ин замина басо назаррас мебошад.
Дар идома профессор Усмонзода Аюб қайд намуд, ки илми ховаршиносии кишвари мо дар баробари тамоюлҳои дигари улуми филологӣ, ҷомеашиносӣ, инсонӣ даврони шоистаи хешро паси сар менамояд, ки дар ин замина саҳми олимони «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» хеле назаррас мебошад. Таъкид рафт, ки дар оғози қарни 21 дар заминаи фароҳам омадани гурӯҳи калони олимони соҳаҳои филология ва шарқшиносӣ як мактаби нерумандӣ илмӣ низ шакл гирифт, ки дар он олимони соҳибноми кишвар академик Носирҷон Салимӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ, профессорон Абдулманнони Насриддин, Матлубаи Мирзоюнус, Абдуҷамол Ҳасанзода, Толиб Ваҳҳобов, Замира Ғаффорӣ, Нуруллохон Ғиёсов Неъматулло Ҷураев, Рустам Асроров, Абдуғаффор Маллаев ва дигарон марҳила ба марҳила фаъолият намуда, баробари камолоти илмии хеш дар такмили равандҳои нави пажуҳишӣ саҳми арзанда гузоштанд. Ҳамчунин дар ҳамоиш фаъолияти 40-солаи илмӣ-педагогии олими варзида, доктори илмҳои филологӣ, профессор Умеда Ғаффорова ва саҳми эшон дар рушди илми шарқшиносӣ ва омодакунии кадрҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки Умеда Ғаффорова ҳамчун нахустин сарвари факултети шарқшиносии донишгоҳ ва яке аз муҳаққиқони номвари ховаршиносӣ, адабиёти араб ва таъсири он ба адабиёти форсӣ, равобити адабии Арабу Аҷам дар тарбияи шогирдони зиёде саҳм гирифта, барҳақ чун бунёдгузори як мактаби махсуси пажуҳандагӣ дар ин арса аз ҷониби донишмандони соҳибназари кишвар эътироф гардиданд.
Мавсуф афзуд, ки мактаби илмии Умеда Ғаффорова дар таҳқиқ ва пажуҳиши илми ховаршиносӣ шоистаи таҳсину пайравӣ мебошад. Доманаи тадқиқоти ин олими варзида густурда буда, омўзиши масоили равобити адабии Арабу Аҷам, тарҷумашносӣ, таълиму тадриси фанҳои марбут ба филологияи шарқ ва дигар соҳаҳои илму маърифатро фаро мегирад.
Мирзоқосим Каримзода иброз дошт, ки хидматҳои профессор Умеда Ғаффорова дар такомули илму маориф, тарбия ва омода намудани кадрҳои болаёқати илмиву педагогӣ, саҳми шоиста дар омӯзишу пажӯҳиши ховаршиносӣ басо назаррас мебошад.
Раиси Шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод перомуни фаъолияти илмии профессор Умеда Ғаффорова ибрози назар намуд.
Изҳори умед шуд, ки баргузории конференсияи илмӣ ва идомаи кори он дар бахшҳои ҷудогона дар кашфи саҳифаҳои тоза дар масоили таҳқиқи адабиёти Арабу Аҷам дар кишварҳои Ховари Миёна саҳми муассир мегузорад.
Ҳамчунин дар қисми ифтитоҳии ҳамоиш як қатор маърӯзаҳо аз ҷониби олимони шинохта, аз ҷумла муовини директори Академияи забони арабии Донишгоҳи Адрори Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Аҳмад Ҷаъфарӣ, Раиси бунёди Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода, профессори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Тоҷиддин Мардонӣ, ходими калони илмии донишкадаи забони ӯзбекӣ, адабият ва фолклори Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эргаш Очилов, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саидраҳмон Сулаймонӣ ва директори Институти илмӣ-таҳқиқотии илмҳои ҷомеашиносии донишгоҳ, профессор Нуров Нуралӣ Норович шунида шуд. Дар маърӯзаҳо масоили мубрами филологияи шарқ, равобити адабии Арабу Аҷам, ҷусторҳо дар сарчашмаҳои форсии тоисломии форсӣ, инчунин суннатҳои пойдории адабиёти халқҳои мухталифи шарқ, тарҷумаи сарчашмаҳои адабиёти арабизабон ба форсии тоҷикӣ мавриди бррасии густарда қарор гирифт.
Ҳамоиши байналмилалие тайи ду рӯз дар донишгоҳ ҷараён гирифта, ба баррасии муҳимтарин муаммоҳо ва масъалаҳои ховаршиносии муосир, инчунин равобити адабӣ хоҳад пардохт.
Иттилоъ дода шуд, ки ба кумитаи тадорукоти конфронс бештар аз 100 маърӯза аз кишварҳои мухталифи олам, аз ҷумла Амрико, Британияи Кабир, Миср, Алҷазоир, Русия, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Олмон, Нигерия, инчунин академияи миллии илмҳои Тоҷикистон донишгоҳу донишкадаҳои дигари кишвар ворид шудаанд.
Дар кори бахшҳо маърӯзаҳо ба тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) низ шунида шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил