Маросими супоридани шаҳодатномаҳои дараҷа ва унвонҳои илмӣ
Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар дар таърихи 30 майи соли 2024 ироа намуданд ва тибқи супориши раиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” Давлатзода Сайфиддин Хайриддин дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи корӣ ва маросими супоридани шаҳодатномаи унвон ва дараҷаҳои илмӣ доир гардид. Дар кори ҷаласа муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Мумин Машокир, мутахассиси пешбари шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ Холмуродзода Фазлиддин Шомаҳмад, сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорат Азиззода Файзалӣ Гурез ва сармутахассиси шуъбаи молия ва муҳосибот Абдулкаримзода Илҳом Абдулкарим иштирок намуданд.
Ҷаласаи мазкур ҷиҳати таҳлили фаъолият ва расонидани кӯмакҳои методӣ ба Шуроҳои диссертатсионӣ доир ба масъалаи барасмиятдарории парвандаҳои аттестатсионӣ ва диссертатсияҳо, гузаронидани машваратҳо доир ба таҳия ва пешниҳоди парвандаҳо оид ба дарёфти дараҷа ва унвонҳои илмӣ, дастурдиҳии нигоҳдории парвандаҳои аттестатсионӣ дар бойгонӣ, баррасии масъалаҳои вобаста ба маҷаллаҳои илмии тақризшаванда ва супоридани дипломи дараҷа ва унвонҳои илмӣ ба роҳ монда шуд.
Ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин зимни ифтитоҳи ҷамъомад бо таъкид аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат ба илм ва маориф на танҳо заминаи таҳкими соҳаи илмро фароҳам овардааст, балки ба рушди тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар низ такон бахшидааст.
Таъкид гардид, ки дар партави чунин сиёсати илмпарварона дар солҳои охир дастгирии ҳамаҷонибаи олимон ба сатҳи давлатӣ расида, бо таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ низоми мукаммали аттестатсияи илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар мамлакат ба вуҷуд оварда шуд.
Набизода Мирзотоҳир қайд кард, ки фаъолияти ин ниҳод ба баланд гардидани сатҳи таҳқиқоти илмӣ, танзим ва шаффофияти раванди додани унвонҳои илмӣ, ташвиқи олимони ҷавон ва тақвияти пойгоҳи илмии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Муовини раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Шарифзода Мумин Машокир зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Комиссия аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то имрӯз ҳадафи асосиро дар таҳкими пояҳои илмӣ, такмил ва танзими низоми аттестатсионӣ равона намудааст. Ӯ зикр кард, ки имрӯз илм дар сиёсати давлат мақоми хоса дошта, бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои олимон, муҳаққиқон ва устодони донишгоҳҳо имкониятҳои фаровон фароҳам оварда шудааст.
Шарифзода Мумин Машокир афзуд, ки мақсади асосии фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани сатҳи баланди сифат дар таҳқиқоти илмӣ, шаффофият дар раванди супоридани унвонҳо, дастгирии олимони ҷавон ва рушди маҷаллаҳои илмии тақризшаванда мебошад.
Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар солҳои охир ба як маркази муҳими илмӣ-таҳқиқотӣ дар минтақа табдил ёфтааст ва саҳми арзанда дар омода намудани кадрҳои соҳибунвон гузошта истодааст.
Таъкид рафт, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи илм зарур аст, ки олимон на танҳо ба корҳои таҳқиқотӣ машғул бошанд, балки натиҷаҳои илмии худро дар ҳаёти воқеӣ, бахусус иқтисод ва соҳаҳои истеҳсолӣ татбиқ намоянд. Ин амал на танҳо сатҳи зиндагии мардумро беҳтар месозад, балки нуфузи илм ва муҳаққиқони тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боло мебардорад.
Дар фарҷоми суханронии худ Шарифзода Мумин Машокир бо изҳори итминон гуфт, ки ҳамкории судманди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров минбаъд низ идома ёфта, барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Дар идомаи чорабинӣ ба 34 нафар устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шаҳодатномаи дараҷа ва унвонҳои илмӣ, аз ҷумла 1 адад профессорӣ, 4 адад номзадӣ ва 29адад дотсентӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
Дар интиҳо, ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир устодонро бо дастоварди тозаи илмӣ табрик гуфта, бо итминон афзуд, ки олимон ва устодони донишгоҳ минбаъд низ бо такя ба сиёсати илмпарваронаи Пешвои миллат барои рушди илм ва тарбияи насли нав ба рисолати хеш содиқона хизмат хоҳанд кард.
Маркази иттилоот ва таҳлил