​Маросими супоридани гувоҳнома ба иштирокчиёни Ҳафтаи идоракунӣ баргузор гардид

12 май дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими супоридани гувоҳнома ба иштирокчиёни Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор шуд.

Чорабинии мазкур дар доираи Моҳвораи ҷавонон доир гардида, ҳадафи он ҷалби ҷавонони фаъол ба раванди идоракунӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва тақвияти малакаҳои роҳбарии онҳо арзёбӣ мегардад.

Имсол 13 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ин ташаббус фаъолона иштирок намуда, аз таҷрибаи фаъолияти сохторҳои давлатӣ бархӯрдор гардиданд.

Дар ҷараёни маросим Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба иштирокчиён гувоҳномаҳо супорида, иброз доштанд, ки ҷавонони соҳибмаърифат ва ташаббускор метавонанд дар рушди низоми идоракунӣ ва пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки дастгирии ҷавонон ва фароҳам овардани имконият барои иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.

Маркази иттилоот ва студияи "Фурӯғ"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ