​Маросими истиқболи ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”- ро ба ҳузур пазируфт.

Маросими истиқболи ғолибони озмун дар раёсати донишгоҳ сурат гирифта, дар он муовинони ректор, сардорони раёсату шуъба, деканони факултет ва роҳбарони донишҷӯён иштирок намуданд.

Профессор Аюб Усмонзода ғолибони озмунро самимона табрик намуда, аз номи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуд.

Таъкид гардид, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар самти кашфи истеъдодҳои муваффақ аз ҳисоби ҷавонон бозёфти нодир ва таҷрибаи наҷиб маҳсуб ёфта, ҷиҳати ҳавасманд гардонидани ҷавонони лаёқатманд ташаббуси нек ба шумор меравад.

Гуфта шуд, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам овардани шароити мусоид ва арзанда ба донишҷӯён баҳри омода намудан ва иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз тамоми тадбирҳо истифода шуда, силсилаи иқдоми судманд ба роҳ монда мешавад. Дар Китобхонаи илмии донишгоҳ ифтитоҳ ёфтани толорҳои махсус таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз зумраи ҳамин ибтикор унвон мешавад, ки дар меҳвари он дастгирӣ ва ғамхорӣ ба устодону донишҷӯён қарор дорад.

Хотиррасон менамоем, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар даври ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" бо ишғоли 5 ҷойи намоён ва 5 ҷойи ифтихорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мақоми аввалро сазовор гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ