​Маърифати ҳуқуқии донишҷӯён боло меравад

Дар китобхонаи хобгоҳи рақами 2-и Донишгоҳ бо иштироки донишҷӯён ва устодони кафедраи адабиёти рус ва хориҷаи факутети филологияи рус чорабинии тарбиявӣ-сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ аз тарафи донишҷӯёни доир ба аҳамияти риоя ва ҳифзи меъёрҳои конститутсионӣ маърӯза ироа гардид. Зикр шуд, ки риояи қонун ва ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад. Ҳамчунин аз ҷониби маърӯзачиён баъзе бобу моддаҳои Конститутсия шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Таъкид рафт, ки дар ҷомеаи муосир Конститутсия яке аз ҳуҷҷатҳои муҳиму арзишманд ва муайянкунандаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд буда, принсипҳои фаъолияти давлатро муайян мекунад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ