​Мақому манзалати зан дар Паёми Пешвои миллат

Дар ҳама иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи кӯҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Зан-модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар як миллату давлат, ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, дониш, камолоту пешрафт, гузашта, имрӯз ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯриву баромадҳояшон доимо таъкид месозанд, ки «Мо Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиамонро танҳо дар сурате пойдору устувор нигоҳ дошта, ҷомеаи худро ба як ҷомеаи мутамаддин табдил дода метавонем, ки агар нақшаву ниятҳои оғозкардаамонро бо заҳмати аҳлонаву содиқона вусъати дучанд бахшем, сарзамини биҳиштосоямонро сидқан дӯст дорем ва пайваста саъй кунем, ки ватани маҳбубамонро ба як гӯшаи ободу пешрафтаи сайёра мубаддал гардонем».

Сарвари давлат пайваста қайд менамоянд, ки: «Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан-модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки дар таърихи 28-уми декабри соли 2024 ироа гашт, бори дигар собит месозад, ки проблемаи беҳбуди шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дода шудааст ва барои боз ҳам баланд бардоштани манзалат ва мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби бештари онҳо ба хизмати давлатӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.

Ин гуфтаҳои Сарвари давлат ба хотири таҳким бахшидан ба мақому манзалати зан ва бонуи тоҷик дар замони муосир буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занони кишварамон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар амал татбиқ карда истодааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки сафи олимаҳои тоҷик ва бонувони фарзона сол то сол афзуда, обрӯ ва эътибори занҳои донишманд дар ҷомеа пайваста боло меравад. Айни замон дар тамоми самту ҷанбаҳои илми Ҷумҳурии Тоҷикистон занону духтарони тоҷик баробари мардон фаъолияти пурсамар дошта, дар рушду нумӯи илми академию донишгоҳӣ, инчунин дар пешбурди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд масъулияти баланд нишон медиҳанд. Дар маҷмӯъ, онҳо дар тамоми чорабиниҳо ва барномаҳое, ки амалӣ шуда истодаанд, фаъолона ширкат намуда, дар рушди илму маърифат, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ҳиссаи муносиб мегузоранд.

Сарвари давлат дар паёмҳои ҳарсолаи худ оид ба нақши зан-модар дар рушди маънавиёти ҷомеа, дар пешбурди сиёсати муваффақи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таълиму тарбияти фарзандон ёдовар мешаванд ва барои боло бурдани қадру манзалати зан-модар ташаббусҳои созандаро меандешанд, ки ин аз эҳтирому арҷгузории Пешвои миллат нисбати зан-модар гувоҳӣ медиҳад.

Ахмедова М.Н., н.и.п., муаллими калони кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ