Мақоми зан - модар дар ҷомеаи муосир

Дар факултети муҳандисӣ-омузгорӣ таҳти унвони "Нақши занон дар ҷомеаи муосир" чорабинии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини декани факултет Абдуҷалил Шодиев ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо Рӯзи модар ва баҳору Наврӯз табрику таҳният гуфт ва илова кард, ки нақш ва мақоми зан-модар дар ҳамаи давру замон дар ҳаёти ҷомеа ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст. Бинобар ин, пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон ва фарди солимфикр ва бонангу номус аст.
Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Турдимурод Аҳлиллоев доир ба мавзуи "Хуршеди тобони маърифат" маърӯза намуд.
“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба қадру манзалати Зан-Модар таъкид доштаанд, ки модар бузургу муқаддас аст, дуои неки ӯ инсонро аз ҳама балоҳо нигоҳбон мешавад, ба кас қувваю илҳом мебахшад ва ба сӯи корнамоиҳои бузург раҳнамун месозад. Ҳатто гармии офтоб ба ҳарорати сӯзони қалби пурмуҳаббати модар нисбат ба фарзанд баробар шуда наметавонад. Ҳамеша ба модарони худ арҷ гузоред, эҳтироми онҳоро ба ҷо оваред, то баъди сари онҳо пушаймон нашавед»- гуфта шуд зимни чорабинӣ.
Дар идома мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ Файзулло Баҳриев иброз дошт, ки дар осори бузургони ҷаҳон низ нақши зан – модари диловару қаҳрамон, ватандӯсту озодихоҳ, соҳибиродаву рисолатшинос ҷойгоҳи арзанда ва хоса дорад. Модар на танҳо ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, балки дар сиришти ӯ хислатҳои накутарини инсониро бо шири поки худ ҷой медиҳад. Бешубҳа, такя дар паҳлуи модар шоҳбайти китоби хотираҳои зиндагист.
Устодони факултет дотсент Қаюмова Фируза ва муаллима Юнусова Зебо дар баромади худ бори дигар иброз доштанд, ки меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад.
Маркази иттилоот ва таҳлил