​Мақоми забони русӣ дар даврони истиқлол

Бо иқдоми кафедраи адабиёти рус ва хориҷа таҳти унвони “Мавқеи забони русӣ дар давраи истиқлолва омӯзиши он” конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид. Ин ташаббус бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои2019-2030» ба роҳ монда шуд.

Дар доираи конференсия омӯзгорони кафедра маърӯзаҳо ироа намуда, перомуни нақш ва ҷойгоҳи забони русӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ андешаҳои худро баён намуданд.

Ҳадаф аз ташкили конференсияи мазкур баррасии масоили марбут ба таҳкими омӯзиши забони русӣ ва ба ин васила мусоидат ба таъмини пешрафти ин раванд унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ