Майдони сухан минбари ҳар беҳунаре нест
Бо ташаббуси кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ нишасти навбатии маҳфили намунавии илмӣ-адабии “Каломи модарӣ” таҳти унвони “Майдони сухан минбари ҳар беҳунаре нест” баргузор гардид.
Маҳфили мазкур бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Толиби Озарахш сурат гирифт.
Декани факултет дотсент Шарифиён Муқаддас доир ба гиромидошти забони давлатӣ ва ҳифзи он ибрози назар намуда, иштирокдорони маҳфилро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфт.
Марҳилаҳои рушди забони тоҷикӣ ва арҷгузорӣ ба он зимни суханронии Толиби Озарахш шарҳ ёфтанд.
Дар бораи муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” профессор Сабури Хайрулло Мирзозода маърӯза намуд.
Таъкид гардид, ки дар радифи ҳифзи дигар арзишҳои миллӣ, поянда ва бегазанд нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки як рукни шинохти миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мондагор аст.
Гуфта шуд, ки воқеан дар даврони ҷаҳонишавӣ ва бархўрди тамаддунҳо ҳомие барои арзишҳои миллӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ зарур буд, ки ин рисолатро Пешвои муаззами миллат ба дӯш гирифта, ҷиҳати ҳифз ва гиромидошти он саҳми арзанда мегузоранд.
Дар идомаи маҳфил донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ Абдуллоева Шаҳло дар мавзуи “Ҳаёт ва фаъолияти шоир Толиби Озарахш” баромад намуд.
Қисми фарҳангии маҳфил бо қироати шеър, гуфтор ва суруд дар иҷрои донишҷӯён анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил