Маҳфил-озмун: “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ”

Маҳфил-озмуни илмию амалии навбатии кафедраи умумидонишгоҳии информатикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, таҳти унвони “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” бахшида ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар факултети забонҳои хориҷӣ бо ширкати донишҷӯёни соли аввал доир гардид.

Байни донишҷӯён аз рӯйи 3 шарт: “Саволу ҷавоб тариқи шифоҳӣ”, “Кор бо тахтаи электронӣ” ва “Ворид намудани матн ба компютер” озмун ба роҳ монда шуд. Аз рӯйи баҳогузории ҳайати ҳакамон Шаҳноза Файзиева, Хуршеда Юлдошева ва Фирдавс Ашӯров, донишҷӯёни соли аввали факултети забонҳои хориҷӣ се ҷойи аввали ифтихориро касб намуданд.

Баъдан устодон ва донишҷӯён доир ба масоили навгониҳои технологияи иттилоотӣ табодули андеша намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ