​Маҳфили умумидонишгоҳии “Чароғи ҳидоят”

Дар факултети муҳандисӣ-омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов дар доираи нақша-чорабиниҳои маҳфили умумидонишгоҳии “Чароғи ҳидоят” таҳти унвони “17 соли пуршукӯҳ” вохӯрии судманд бо собиқадорони факултет баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур собиқадорони соҳаи маориф ва илм - Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Турдимурод Аҳлиллоев ва номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Толибов Юсуфҷон иштирок намуда, аз рӯзгори фаъолияти омӯзгорӣ, таҷрибаи корӣ ва саҳми факултет дар тарбияи мутахассисони ҷавон ёдовар шуданд.

Ҳамчунин, дар ҳамоиш роҳбари маҳфили “Чароғи ҳидоят”, номзади илмҳои педагогӣ Саидаҳмад Олов ва раиси Шурои собиқадорони донишгоҳ, номзади илмҳои таърих, дотсент Шавкат Шарифов суханронӣ намуда, нақши собиқадоронро дар рушди илму маориф ва тарбияи насли ҷавон муҳим арзёбӣ карданд.

Декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Неъматзода Муқаддас Ҳабиб зимни баромади худ оид ба дастовардҳо ва фаъолияти 17-солаи факултет маълумоти муфассал пешниҳод намуда, аз саҳми омӯзгорону собиқадорон дар пешрафти фаъолияти таълимӣ ва тарбиявӣ таъкид кард.

Дар фарҷоми вохӯрӣ байни донишҷӯён ва меҳмонон саволу ҷавобҳои ҷолиб баргузор гардида, иштирокдорон аз чунин ташаббусҳои маърифатӣ ва тарбиявӣ истиқбол намуданд. Маҳфил дар сатҳи баланд ва хотирмон анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ