​Маҳфили «равоншинос»

Дар доираи чорабиниҳои ҳафтаи илм дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ маҳфили навбатии "равоншинос", ки дар назди кафедраи педагогӣ ва табиию риёзӣ амал мекунад, баргузор гардид. Маҳфилро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Турдимурод Аҳлиллоев ҳусни оғоз бахшида ҳозиринро хайрамақдам гуфт.

сипас равоншиноси факултет, фарангис пиримқулова дар мавзуи «Ташаккули хотираи хонандагони хурдсол дар раванди таълиму тарбия» маъруза ироа намуд.

Дар фарҷом байни донишҷӯён мубодилаи афкор ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ