​​Маҳфили “Педагогони ҷавон”

Нишасти навбатии маҳфили “Педагогони ҷавон”, ки дар назди кафедраи педагогикаи умумӣ амал мекунад, ба мавзуи “Афкори педагоги ва психологии Унсурмаолии Кайковус оид ба маърифати оиладорӣ” бахшида шуд.

Омӯзгори кафедра дотсент Негматова Мунира маҳфилро ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз онро таҳкими маърифати оиладории донишҷӯдухтарон унвон намуд.

Номбурда перомани мавзуи маҳфил маърӯза намуда, таъкид дошт, ки дар ҷомеаи муосири тоҷик оила яке аз муҳимтарин ниҳоди иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.

Зикр гардид, ки раванди педагогӣ – психологии оила ҳамчун ниҳоди ҷамъиятӣ дар раванди ба камол расидани насли солими ояндасоз, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву инсонпарастӣ, ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас, пешгирии ҷавонон аз шомилшавиӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муҳим аст.

Дар рафти маҳфил донишҷӯён фикру ақидаҳояшонро баён намуда, байни ҳам саволу ҷавоб карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ