Маҳфили "Нигоҳи баробар"
Бо чунин ном бахшида ба Рӯзи байналмиллалии маъюбон бо ташаббуси факултети психиология ва таҳсилоти томактабӣ чорабинӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ ба мавзӯи “Гузаронидани корҳои ислоҳнамоӣ бо кӯдакони имконияташон маҳдуд” бахшида шуд.
Дар доираи чорабинӣ декани факултет дотсент Шарифиён Муқаддас,мудирони кафедраҳо ва намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии “Бойчечак” иштирок карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки чорабинӣ бо ҷалби донишҷӯёни ихтисоси Олигофренопедагогика. Таҳсилоти томактабӣ ва психология доир шуда, дар доираи ин ташаббус бо кӯдакони иллати шунавоӣ ва нутқдошта корҳои ислоҳнамоӣба роҳ монда шуд.
Ҳадаф аз ин ташаббус ташаккул додани ҳолати руҳии кӯдакон дар оила ва гирифтани пеши роҳи монеаҳои кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ҷониби педагогон унвон мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил