​Маҳфили навбатии “Шарораи илм”

Дар кафедраи технология ва методикаи таълими они факултети санъати тасвирӣ ва технология маҳфили навбатии илмии донишҷӯён “Шарораи илм” баргузор гардид.

Дар маҳфил донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси технология таҳти роҳбарии дотсент Дилфуза Юсупова дар мавзуи “Коркарди замонавии маҳсулоти армуғонӣ бо масолеҳҳои гуногун” баромад намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки мавзуи баррасишаванда ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, омодакунии маҳсулотҳои дастӣ бо эҷодиёти худ ва истифода аз масолеҳҳои гуногуни зиннатӣ, ки армуғони хубест барои супоридани тӯҳфа бахшида шуда, ба донишандӯзон имкон медиҳад донишу малакаи касбиашонро сайқал диҳанд.

Иштирокчиёни маҳфил баъди баромад ба музокира баромада, оиди тайёркунии маҳсулоти дастӣ ба монанди кармонҳои зиннатӣ ва намояҳо сӯҳбат баргузор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ