​Маҳфили илмии "Химикони ҷавон”

Дар факултети биология ва химия бо ташаббуси кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он нишасти навбатии маҳфили илмии "Химикони ҷавон” баргузор гардид.

Маҳфилро роҳбари он, дотсенти кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он, Ҷӯлиева Гулсара ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо нақша ва мавзӯъҳои асосии маҳфил шинос намуд.

Дар доираи чорабинӣ маърӯзаи донишҷӯи курси чоруми ихтисоси химия Мирзоева Таҳмина таҳти унвони “Ҳалли масъалаҳои ҳисобӣ аз намунаи ММТ дар соли 2024” шунида шуд. Маърӯза мавзуъҳои муҳими марбут ба ҳалли масъалаҳои ҳисобӣ ва роҳҳои омӯзишро фаро гирифт. Маҳфил бо табодули афкор ва баҳсу мунозираҳои судманд миёни иштирокчиён идома ёфт.

Маркази иттилооот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ