​Маҳфили илмии донишҷӯён

Нишасти навбатии маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Мусташриқ” гузаронида шуд. Мақсади асосии ташкили маҳфили илмии “Мусташриқ” бедор намудани завқи омӯзиши забони арабӣ ва ҷалби донишҷӯён ба маҳфилҳои илмӣ унвон мешавад.

Дар маҳфил тибқи барнома донишҷӯён дар мавзӯъҳои “Ҷумлаҳои саволӣ дар забони арабӣ ва тоҷикӣ” ва “Истифодаи зарфҳои арабӣ дар забони адабии тоҷик дар қарнҳои XIX-XX (аз нигоҳи маъно ва сохт)” маърӯза намуданд.

Ҳамзамон, роҳбари маҳфил Қурбонов Давлат бо донишҷӯён саволу ҷавоб баргузор намуд, ки ҷиҳати мустаҳкам намудани дониши иштирокчиёни маҳфил имкони мусоид фароҳам овард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ