Маҳфили илмии «Анализи математикӣ»
Дар назди кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов нишасти навбатии маҳфили илмии «Анализи математикӣ» доир шуд.
Бо мақсади такмили забони русӣ ва дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маҳфил бо забони русӣ ҷараён гирифт.
«Усулҳои тақрибӣ ёфтани решаҳои ҳақиқии муодила» - ин унвони маърӯзае буд, ки дар доираи маҳфил шунида шуд. Дар доираи ин иқдом мафҳуми бефосилагии функсия дар порча фаҳмонида шуда, истифодаи он дар тақриб ёфтани решаҳои ҳақиқии муодила мавриди шарҳ қарор дода шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил