​Маҳфили илмӣ-амалӣ: “Сада-иди таърихии ниёгон”

Бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ таҳти унвони “Сада-иди таърихии ниёгон” маҳфили илмӣ-амалӣ доир гардид. Ташаббуси мазкур дар доираи раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар МТМУ №14 ба роҳ монда шуд.

Дар маҳфили мазкур таҷрибаомӯзон аз таърихи пайдоиш, рушд ва урфу одатҳои Иди Сада маълумот дода, шеърҳои пурмазмун қироат карданд.

Ҳамзамон, аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибосҳо оварда шуданд.

Навор оид ба анъанаҳои ҷашни Сада ва суруди “Тоҷикистон ба пеш” дар иҷрои донишҷӯён ба чорабинӣ муҳтавои бештар эҳдо намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ