​Маҳфили илмӣ: ҷалби устодону донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ

Соли 2023 дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 68 маҳфили илмӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз раёсати илм ва инноватсия маълумот доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми сол аз ҳама бештар маҳфили илмӣ дар факултети филологияи тоҷик доир гардид.

Давоми сол дар ин факултет 9 маҳфили илмӣ баргузор шудааст. Аз ҷумла, маҳфилҳои “Ганҷи сухан”, “Ошиёни Камол”, “Ганҷинаи Мавлоно”, “Давлати ҷонпарвар” ва “Фурӯғ” доираи васеи устодону донишҷӯёнро фаро гирифтанд.

Ҳамзамон, аз рӯйи теъдоди баргузории маҳфилҳои илмӣ мақоми намоёнро факултетҳои математика ва психология ва тањсилоти томактабї ишғол мекунанд, ки 5 ададро ташкил медиҳанд.

Ҳадаф аз маҳфилҳои илмӣ таҳкими иқтидори илмии факултетҳои донишгоҳ, ҷалби васеи устодону донишҷӯён ба маҳфил, баррасии мавзуъҳои мубрами илм ва инноватсия, таъмини тақвияти фаъолияти илмӣ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ