​Маҳфили илмӣ-адабии “Китобдӯст”

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бо ташаббуси кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ бахшида ба 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон маҳфили илмии “Китобдӯст” таҳти унвони “Бе китоб, эй дӯстон, бунёди мо норавшан аст...” баргузор гардид.

Маҳфил бо сухани ифтитоҳии ноибдекан оид ба корҳои тарбиявии факултет Шарипова Таминахон оғоз ёфт. Номбурда дар баромади худ доир ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту густариши соҳаҳои мухталиф, махсусан маориф, сухан гуфта, донишҷӯёнро ба донишандӯзиву китобхонӣ даъват намуд.

Дар идомаи маҳфил донишҷӯён шеърҳои пурмазмун дар мавзуъҳои Ватан, китоб, дониш ва муаллим қироат карданд. Ҳамчунин, донишҷӯён Ҷабборова Зарангез ва Бобозода Шодиҷон асарҳои Пешвои миллат “Чеҳраҳои мондагор” ва “Уфуқҳои Истиқлол”-ро муаррифӣ ва таҳлил намуданд. Пас аз муаррифии асарҳо байни донишҷӯён саволу ҷавоб ташкил карда шуд.

Дар ҷамъбасти маҳфил мудири кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ, дотсент Юсуфҷонова Дилбар баромад намуда, донишҷӯёнро ба арҷгузорӣ ба фарҳангу таърих, забони миллӣ ва татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат ҳидоят кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ