​Маҳфили графикони ҷавон баргузор гашт

Ҳамчунин дар кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим маҳфили илмии донишҷӯён “Графикони ҷавон” дар мавзуи “Нақши санъати заргарӣ ва мисгарӣ дар ташаккули маҳорати эҷодии донишҷӯён” баргузор гардид.

Мудири кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим Зикрилло Мирзабоев маҳфилро оғоз намуда, аз ҳадафҳои он ёдовар шуд. Сипас роҳбари илмии “Графикони ҷавон” Фарҳод Яҳъёев перомуни фаъолиятӣи маҳфил ибрози назар намуд.

Дар идома донишҷӯён бо маърузаҳоии илмии худ баромад намуданд. Қайд карда шуд, ки заргарӣ ва мисгарӣ яке аз ҳунарҳои беҳтарини мардуми тоҷик ва тамоми дунё ба шумор меравад.

Мисгарӣ ин ҳунари аз мис сохтани асбобҳои рӯзғор, аслиҳа ва ашёи гуногун арзёбӣ гардида, он аз навъҳои қадимии ҳунармандӣ маънидод гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ