Маҳфили “Ганҷи сухан” аз устодони сухан ёд кард

Дирӯз дар факултети забонҳои шарқ нишасти 204-уми маҳфили “Ганҷи сухан” бахшида ба 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ёдбуди устодони суханшинос ба таври рамзӣ дар арафаи милоди муассиси маҳфили мазкур, устоди хирадсолор, зиндаёд профессор Абдулманнони Насриддин баргузор гардид. Дар маҳфил донишмандону устодони донишгоҳ меҳмонон аз шаҳри Душанбе, дӯстдорону мухлисони адабиёт ширкат варзиданд.

Аз ҷумла ҳиркати меҳмонони азиз аз Пажӯҳишгоҳи забон ва адбиёти АМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшиносон Мубашшири Акбарзод ва Умриддин Юсуфӣ ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшид.

Дар оғоз Саидумрон Саидов маҳфилро ифтитоҳ бахшида, меҳмонони меҳмонон ва иштирокдоронро ба маҳфил хайримақдам гуфт ва ҳадафи нишасти навбатии маҳфилро чун ёдномае аз шахсияту пайкорҳои устодони фақид, хоса бунёдгузори маҳфил профессор Абдулманнони Насриддин арзёбӣ намуд. Ҳамчунин бо якчанд китобҳои муҳими тозанашр, ки аксарияташ ба 30-солагии Иҷлосияи 16-ум ва корномаву талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушду нумуи Ватан бахшида мешуд, муаррифӣ намуд. Гуфта шуд, ки китобҳое бо номи “Эҳёгари Суғд”, “Сарвар, Президент, Пешво”, “Иҷлосия парвозгоҳи Пешвои миллат” бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода интишор шудаанд, беҳтарин армуғон ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-и Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Дар идомаи маҳфил, мудири кафедраи забони тоҷикӣ доктори илмҳои филологӣ Мӯсо Олимҷонов дар мавзуи “Ёди устодони суханшинос” гузориш намуда, аз таърихи таъсисёбии донишгоҳ, ташкил гардидани факултети таърих ва филология ва устодони фақиди ин факултет, ки аз оғози ташкилшавиаш хидматҳои бузургеро дар ҷодаи таълиму тарбия ва илм анҷом доданд, бо меҳру ихлоси хоса ёдоварӣ кард. Номбурда афзуд, ки зикри ном ва амали устодони фақид дар рӯзҳои 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров амри хайр ва савоб аст. Зеро эшон дар бунёди донишгоҳ заҳматҳои фаровон кашидаанду номашон дар китоби таърих сабт гардидааст.

Сипас, мудири кафедраи адабиёти классикӣ дотсент Мавҷуда Ӯрунова доир ба хидматҳои беҳамтои устод Абдулманнони Насриддин дар ташкил ва равнақи кафедраи адабиёти классикӣ, тарбияи пухтаи шогирдон дар назди ин кафедра ва ҳадафҳои олии илмии устод суҳбат намуд. Муҳимтарин ибтикорот ва ташаббусҳои устод Абдулманнони Насриддинро дар рушди корҳои илмиву таълимии кафедра ва факултет қайд намуда, аз натиҷаҳои назарраси онҳо бо далелҳои ҷолиби диққат ёдоварӣ кард.

Адабиётшиноси варзида, профессор Абдунабӣ Сатторзода аз муҳаббати афзуни хеш ба аҳли адаби вилояти Суғд хоса устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сухан карда, гуфт, ки равоншод Абдулманнон Насриддин аз зумраи фарҳехтагони илму адаби кишвар буд, ки ӯро берун аз Тоҷикистон низ эътироф ва эҳтиром менамоянд. Гиромидошти ин шахсияти беназир арҷгузорӣ ба адабиёт ва илми суханшиносӣ мебошад. Мавсуф дар идомаи суханаш аз таърихи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хоса олимони суханшиноси ин боргоҳи илму маърифат изҳори назар карда, хидмати олимони суханшиноси донишгоҳро дар рушди филологияи тоҷик бузург арзёбӣ намуд.

Сӯҳбатҳои ширин ва пурмазмуни донишмандони тоҷик Матлубаи Мирзоюнус, Нуруллохон Ғиёсов, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода, Фахриддин Насриддинов, Мубашшири Акбарзод, ва хотираҳои неки эшон аз шахсият ва фаъолияти пурсамари устод Абдулманнони Насриддин ба маҳфил ҳусну файзи дигар бахшид. Суханрониҳои устодон лабрези чунин эътирофу ихлос ва иродатҳо буд, ки дар маҳфил як муҳити бисёр пурфайзу самимиро фароҳам овард. Шеърхонии шоир Адибаи Хуҷандӣ дар бахши “Минбари шеър”-и маҳфил инъикосгари шахсияти беназир ва соҳибдилии устод Абдулманнони Насриддин буд.

Шеърхонии шоир ва адабиётшинос Умриддин Юсуфӣ ва шоири ҷавон Родмеҳр Сулаймонӣ аҳли маҳфилро кайфияти хосе бахшид. Суруди бо овози зинда хондаи сарояндаи хушовоз, роҳбари ансамбли “Навои ҷавонӣ” Ҳусейнҷон Юсупов ба кори маҳфил ҳусни анҷом бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ